Рўйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар

Рўйхати корњои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи мењнати шахсони аз 18-сола хурд иљозат дода намешавад ва њадди меъёрњои борро дастї бардоштан ва кашонидани онњо

Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон “Дар бораи Рўйхати корњои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи мењнати шахсони аз 18-сола хурд иљозат дода намешавад ва њадди меъёрњои борро дастї бардоштан ва кашонидани онњо” дар асоси моддаи 177 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон тањия гардида, 4 марти соли 2014 тањти № 169 ќабул гардидааст.

Дар ќарори мазкур меъёре пешбинї гардидааст, ки шаклњои бадтарини мењнати кўдакон, корњои шароиташон номусоид ва хатарнок, њадди меъёри борро дастї бардоштан ва кашонидани онњо ба танзим дароварда мешавад.

Зарурати ќабули он аз муќаррароти Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи њифзи мењнат”, Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии Мењнат (ТБМ) №182 “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклњои хатарноки мењнати кўдакон” бинобар сабаби ташаккул ёфтани муносибатњои мењнатї дар бозори мењнати кишвар сарчашма мегирад.

Моддањои 35 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва 177 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ба корњои вазнин ва шароиташон зарарноку хатарнок љалб намудани кўдаконро манъ менамоянд.

Ба корњои номусоид љалб намудани кўдакон ва мављуд набудани меъёри ягонаи танзимкунандаи њифзи мењнати ашхоси мазкур дар шароити иќтисоди бозоргонї боиси нигаронии ТБМ ва дигар љамъияту созмонњои дохиливу хориљї гардида, дархост намудаанд, ки Рўйхати мазкур тањия ва тасдиќ карда шавад.

Моддаи 4 Конвенсияи ТБМ №182 “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклњои хатарноки мењнати кўдакон” (с.2005) талаб менамояд, ки њар як давлати соњибистиќлол рўйхати худро оиди корњои хатарноки мењнат омода кунад, лекин Љумњурии Тољикистон то њол чунин рўйхатро надошт.

Љумњурии Тољикистон њамчун узви комилњуќуќи љомеаи љањонї санаду њуљљатњои эътирофгардидаи байналмилалї дар робита ба манфиати кўдакон, бахусус Конвенсия оид ба њуќуќи кўдак, конвенсияњои (ТБМ) №138 “Оиди њадди аќали синну сол барои ба кор ќабул кардан” (с.1993) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чорањои зарурї андешидан љињати нест намудани шаклњои бадтарини мењнати ноболиѓон”-ро эътироф намудааст.

Бинобар ин, мутобиќи ќонунгузории љорї фароњам сохтани шароити мусоид барои амалї гардидани њуќуќњои конститутсионии шањрвандон, аз љумла њифзи мењнати кўдакон, яке аз вазифањои асосии давлат мањсуб дониста шуда, барои тањкими минбаъдаи заминањои меъёрии њуќуќии бехатарї, њифзи саломатї ва ќобилияти кории инсон дар љараёни мењнат мусоидат хоњад кард.

Сабабњои пайдошавии мењнати кўдак дар љумњурї аз як ќатор омилњои иќтисодиву иљтимої, ба монанди иќтисодиёти ноустувор, муњољирати мењнатї, афзоиши шуѓли ѓайрирасмї, таъсири анъана ва урфу одатњои мардумї, камбизоатї, афзоиши сатњи бекорї, камарзиш будани мењнати кўдак ва ѓайрањо иборат мебошад.

Кўдак ин шахсе мебошад, ки њуќуќи аз болои худ нигоњубин кардан, кўмак расонидан аз љониби давлат ва љомеъаро талаб менамояд. Тибќи меъёрњои давлатї ва байналмилалї шахсони то синни 18-сола ноболиѓ њисобида мешаванд.

Шумораи зиёди ашхоси номбаргардида, ки дар муносибатњои мењнатии ба корњои шароиташон номусоид ва зараровар љалб мегарданд, аз оилањое ба шумор мераванд, ки тањти хавфи иљтимої ќарор доранд: оилањои калон, оилањои аъзои маъюб дошта, оилањои нопурра (мањрум будан аз яке аз волидон), ки кўдакони ноболиѓ доранд, оилањои бекор, шахсони ноболиѓе, ки бо сабаби вафоти волидон ё сабаби дигар сарвари хонадон шудаанд, фарзандони муњољирони мењнатї, ки дар парастории хешовандони дуру наздик ќарор доранд.

Аз ин лињоз, ќарори зикргардида меъёре пешбинї менамояд, ки ба муносибатњои мењнатии ѓайрирасмї љалб намудани кўдакони ноболиѓро аз байн бурда, њуќуќњои онњоро дар муносибатњои мењнатї њифз менамояд.

Ќабули ќарор имкон медињад, ки њангоми ба кор љалб намудани ашхоси номбаргардида аз дараљаи олии њифзи њуќуќи мењнат, ба воситаи таъсис додани шароити мусоиди кор ба онњо, пешнињод намудани кафолату имтиёзњои иловагии давлатї истифода гарданд.

Бо амалї гардидани рўйхати корњое, ки бо хусусияти худ ва ё шароити хоси худ метавонанд ба саломатї, бехатарии ашхоси ноболиѓ зарар расонад, ба монанди корњо дар зери замин, зери об, дар баландии хатарнок, мошинањои њаракаткунанда, таљњизоту асбобњо ва ё бо даст бардоштан ё худ аз љое ба љои дигар кашонидани борњои вазнин, таъсири чизњои хатарнок дар љараёни кор, њарорат, ѓавѓову лаппиш, шиддатнокї ва дигар корњои зараровар минбаъда пешгирї карда мешавад.

Њамчунин ба падару модар ва васиён иљозат дода намешавад, ки фарзандони худро ба корњои хавфноку вазнини ба саломатї зараровар, инчунин дигар корњое, ки ба инкишофи мўътадили љисмонї ва равонии онњо халал мерасонанд, љалб намоянд.

Рўйхати пешбинигардида аз љињати њуќуќї ба ашхоси то 18- сола имкон медињад, ки дар муносибатњои мењнатї аз таъсири омилњои зараровар ва хатарноки истењсолї муњофизат гарданд.

Сиёсати њифзи мењнати аз љониби давлат муайяншуда барои шахсони њуќуќї ва воќеї (корфармо) ўњдадории муњим ба њисоб рафта, пешгирии иштироки ашхоси мазкурро дар корњои шароиташон номусоид ва зараровар тавассути амалњои мувофиќашудаи маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, иттињодияњои корфармоён, иттифоќњои касаба ва маќомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон амалї менамояд.

Инчунин ќарори ќабулгардида шароит фароњам меорад, ки талаботи меъёрии давлатии њифзи мењнат, муњофизати њаёт ва саломатии шахсони то 18-сола дар љараёни муносибатњои мењнатї таъмин гардида, танзими масъалањои њифзи мењнати онњо тибќи Рўйхати мазкур ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон аз љониби маќомоти назоратї татбиќ гардад.


Список опасных работ для детей до 18 лет Скачать в формате PDF. 































Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

к. А.Навои, 5/1 734026,

Душанбе, Тоҷикистон

Тел.: (+992 37) 236-89-92

Факс: (+992 37) 236-22-41

e-mail: sector.clms@yandex.ru